3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:35, Душанбе
19.02.2026 16:30

Мавҷи эътирози қонунгузорони амрикоӣ ба ҷангталабии Трамп алайҳи Эрон

Теъдоде аз қонунгузорони амрикоӣ бо интишори паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мухолифат бо сиёсатҳои ҷангталабонаи Доналд Трамп, президенти Амрико алайҳи Эрон пардохтанд ва аз паёмадҳои дохилии моҷароҷӯйиҳои вай башиддат изҳори нигаронӣ карданд.

Дон Байер, намояндаи демократ аз иёлати Вирҷиния дар Маҷлиси намояндагони Амрико бо интишори матне дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Трамп таҳдид мекунад, ки Амрико ба ҷанг бо Эрон хоҳад рафт, магар ин ки онҳо музокирае монанди тавофуқе, ки ӯ дар соли 2018 пора кард, имзо кунанд, то барномаи ҳастаии худро, ки чанд моҳ пеш иддао мекард комилан ва тамоман нобуд кардааст, раҳо созанд”.

Ҷим Макговерн, намояндаи демократ аз иёлати Массачусетс дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар матни интиқодӣ чунин навишт: “Амрикоиҳо ҷанг бо Эронро намехоҳанд. Мо хостори нархҳои арзонтар, нигоҳдории беҳтари тандурустӣ, ҷойҳои кори бештар ва манзили қобили пардохт ҳастем. Мо раҳбароне мехоҳем, ки тарафи мо бошанд - на табақаи миллиардерҳои Эпштейн!”

Прамила Ҷаяпал, намояндаи демократ аз иёлати Вашингтон дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар вокуниш ба гузориши “Ню-Йорк Таймс” дар бораи таҳаррукоти низомии Амрико барои ҷанг бо Эрон навишт: “На бидуни иҷоза аз Конгресс. Мардуми Амрико ҷанги дигар намехоҳанд”.

Энди Ким, сенатори демократ аз иёлати Ню-Ҷерсӣ дар Сенати Амрико дар “Х” навишт: “Ҷанг бо Эрон чӣ чизе барои шумо ба армуғон меоварад? Оё шуморо амнтар мекунад? Оё пардохти қабзҳоятонро осонтар мекунад? Оё шуморо нисбат ба ояндаатон хушбинтар мекунад? Трамп кишвари моро бидуни далел, бидуни барнома ва бидуни таваҷҷуҳ ба шумо ба остонаи ҷанг мекашонад”.

Грег Касар, намояндаи Конгресси Амрико дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Мардуми Амрико намехоҳанд бо Эрон вориди ҷанг шаванд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.