25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
16.02.2026 11:03

Ғасб ва зӯргӯии вазири адлияи Толибон. Шаръӣ мардум ва кормандонашро ба гаравгон гирифтааст

Манобеъ аз Афғонистон мегӯянд, ки Абдулҳаким Шаръӣ, вазири адлияи гурӯҳи террористи Толибон бо сӯиистифодаи густурда аз салоҳиятҳои худ, дар чаҳор соли гузашта беш аз 700 кормандро аз кор озод кардааст, дороиҳо ва моликиятҳои давлатӣ ва шахсиро ғасб намудааст ва барои наздикон ва аъзои хонаводааш имкониятҳои калидӣ эҷод кардааст. Манобеъ меафзоянд, ки ӯ ба тозагӣ 70 корманди дигарро низ ба иттиҳоми ноэҳтиромӣ ба Толибон хориҷ кардааст ва илова бар он, бо ҷамъоварии телефонҳои ҳамроҳ ва тафтиши шабакаҳои иҷтимоии онҳо, шогирдони мадрасаҳои динӣ, ки ҳама паштун ҳастандро ба ҷойи кормандони тахассусӣ ва ботаҷриба истифода кардааст. Ин манобеъ бо таъкид бар зӯргӯӣ ва боҷгирии Абдулҳаким Шаръӣ мегӯянд, ки ӯ дар зимистони ҷорӣ барои гарм нигаҳ доштани фермаи говдории шахсиаш “эйркандишн” насб кардааст ва тамоми замини сабзи вазоратро низ ба манбаи алафҳои ин говдорӣ табдил кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ҳамзамон Комиссияи ҷилавгирӣ аз ғасби замин, ки таҳти раҳбарии Абдулҳаким Шаръӣ буд, ба сатҳи вазорат тавсеа ёфта ва акнун ӯ ба ҷойи як вазорат, ду вазоратро барои сӯиистифода ва боҷгирӣ идора мекунад. Манобеъ мегӯянд, ки яке аз наздикони Шаръӣ, ки пештар ба унвони “раиси умумии қозиёти давлат дар ташкилоти вазорати адлияи Толибон” фаъолият мекард, ба унвони вазири ин ниҳод гумошта шудааст.

Манобеъ дар Вазорати адлияи Толибон аз сӯиистифодаҳои Абдулҳаким Шаръӣ, вазири ин гурӯҳи террористӣ, изҳори нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки ӯ бо истифода аз салоҳиятҳояш ба ғасби моликиятҳои шахсӣ ва дороиҳои модӣ ва маънавии ин вазорат, ҳамчунин, ба ихроҷи кормандони ғайрипаштун ва ақаллиятҳои мазҳабӣ ва забонӣ идома дода ва сиёсати ҳазфи қавмӣ дар ин вазорат рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Ба гуфтаи манобеъ, Абдулҳаким Шаръӣ аз замоне ки ба унвони вазири адлияи Толибон таъйин шудааст, то кунун беш аз 700 кормандро бо гуноҳи камкорӣ, фасод, беэҳтиромӣ ба Толибон ва иртибот бо мухолифони ин гурӯҳ аз кор хориҷ кардааст.

Манобеъ мегӯянд, ки вазири адлияи гурӯҳи террористии Толибон ва ҳалқаи наздик ба ӯ дар рӯзҳои ахир телефонҳои ҳамроҳи кормандонро ҷамъоварӣ карда, шабакаҳои иҷтимоии онҳоро тафтиш ва баррасӣ кардаанд ва шумори зиёдеро бар ҳамин асос аз кор озод кардаанд. Ба гуфтаи манобеъ, ҳатто телефонҳои кормандони аз кор озодашуда низ назди ин афроди вазири адлияи Толибон нигаҳдорӣ мешавад ва кормандони ботаҷрибаи ҳукумати пешин барои ҳамеша аз анҷоми вазифа маҳрум мешаванд ва акнун онҳо бо мушкилоти шадиди иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунанд.

Ҳамчунин, манобеъ мегӯянд, ки ҳудуди 70 тан аз кормандоне, ки ба тозагӣ аз сӯи Абдулҳаким Шаръӣ аз кор озод карда шудаанд, номаи эътирозӣ ба нишонии Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ, ба вилояти Қандаҳор фиристодаанд, аммо то кунун ҳеч посухе дарёфт накардаанд. Ба гуфтаи манобеъ, “амири ғоиби Толибон ҳеч дарде аз кормандони маҳрум ва мазлумро даво накардааст”.

Ин манобеъ тасреҳ мекунанд, ки ба ҷойи кормандони озодшуда, шуморе аз шогирдони мадрасаҳои динӣ аз вилоятҳои Лугар, Хӯст ва Майдони Вардак истифода шудаанд, ки ҳеч гуна дониш, тахассус ва таҷрибае дар ин арса надоранд. Ба гуфтаи манобеъ, ин вазъият раванди кори хадамотро бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтааст.

Манобеъ, ҳамчунин, мегӯянд, ки Абдулҳаким Шаръӣ даҳҳо тан аз наздиконаш, ба шумули бародарзодаҳо, боҷаҳо, хусурбачаҳо, домодҳо ва афроди вобастагонашро дар бахшҳои калидӣ ва даромаддори ин вазорат ҷобаҷо кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ӯ буҷаи вазоратро истифода карда ва миллионҳо афғониро зери номи имтиёзӣ ба кисаи худ ва наздиконаш сарозер кардааст.

 Ин манобеъ меафзоянд, ки вазири адлияи Толибон ҳамчунин, садҳо гектар заминро дар вулусволии Деҳсабзи вилояти Кобул ба номи фарзандон ва наздиконаш сабт карда ва даҳҳо дӯкон ва мағозаҳоро дар вилояти Хӯст аз назди мақомоти ҳукумати пешин тасарруф кардааст. Манобеъ таъкид мекунанд, ки ӯ беш аз 90 хонаи маскуниро дар Доруломони Кобул ғасб карда ва онҳоро дар ивази кирояи ночиз истифода мекунад.

Манобеъ, ҳамчунин, мегӯянд, ки Абдулҳаким Шаръӣ аз дороиҳои ғайриманқули вазорат, ба вижа аз заминҳои сабзи он, солона ду бор барои кишт ва зироати маҳсулоте чун гандум, ҷуворӣ ва заъфарон ба нафъи шахсӣ истифода кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ӯ ҳатто алафи ҳайвоноти хонагиашро аз имконоти вазорат таъмин мекунад.

Ҳамчунин, манобеъ мегӯянд, ки ӯ бо истифода аз имконоти вазорат, говдории шахсиашро бо насби эйркандишнҳое, ки аз дафтари Ҳизби Исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр мунтақил шуда буд, дар зимистон гарм нигаҳ доштааст. Ба гуфтаи манобеъ, ин таҷҳизот аз тариқи яке аз фарзандони Абдулҳаким Шаръӣ барои истифодаи шахсии онҳо мунтақил шудааст.

Ин манобеъ таъкид мекунанд, ки Абдулҳаким Шаръӣ, вазири адлияи Толибон, фарди зӯргӯ ва ғосиб аст ва худро “амири ғоиби дигар”-и Толибон мепиндорад ва бо дигарон монанди “фиръавни замони худ” рафтор мекунад. Ба гуфтаи манобеъ, ӯ дар баробари афроди бепушт ва кормандони вобаста ба ҳукумати пешин дар вазорати адлияи Толибон рафторҳои золимона дошта ва онҳоро дар вазъияти душвор қарор додааст.

Аз сӯи дигар, манобеъ мегӯянд Комиссияи ғасби замини Толибон, ки Абдулҳаким Шаръӣ дар раъси он қарор дошт, соли гузашта ба “вазорати умури арозӣ ва истирдоди заминҳои ғасбшуда” табдил шуд, аммо ӯ ба далели истифодаҳои шахсӣ, иҷозаи фаъолият ба унвони як вазорати мустақилро надода буд. Ба гуфтаи манобеъ, ба тозагӣ ин ниҳод ба сатҳи вазорат табдил шудааст. Манобеъ тасреҳ мекунанд, Мавлавӣ Эҳсонуллоҳ Васиқ, аз наздикони Абдулҳаким Шаръӣ, ба унвони вазири ин ниҳод муаррифӣ шудааст. Васиқ дар чаҳор соли гузашта ба ҳайси секретари Комиссияи ҷилавгирӣ аз ғасби замин ва раиси умумии қозиёт дар ташкилоти вазорати адлияи Толибон фаъолият карда ва ин вазорат низ мустақиман таҳти амри вазири адлияи гурӯҳи террористии Толибон амал хоҳад кард.

Пештар, бошандагони ноҳияи Афшор дар минтақаи Доруломони Кобул аз бархӯрди табъизомези вазири адлияи Толибон шикоят карда ва гуфта буданд, ки ӯ монеи такмили масҷиди беш аз 100-сола ва дафни мурдагонашон дар қабристоне бо таърихи беш аз 200- сола шуда аст. Ба гуфтаи онҳо, ин иқдомҳо бар хилофи асноди қонунии ҳукумати пешин ва ҳуҷҷатҳои Толибон анҷом шуда ва ними замини масҷид тахриб шудааст.

Рӯзномаи "8-и субҳ"

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.