Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Зану шавҳари бритониёӣ: “Ҳанӯз далели зиндонӣ шудан аз сӯи Толибонро намедонем”
Як ҷуфти бритониёӣ, ки ба муддати ҳафтуним моҳ тавассути Толибон дар Афғонистон боздошт шуда буданд, пас аз бозгашт ба Бритониё аз “шоки фарҳангии бузург” сухан гуфтаанд.
“Би-би-сӣ” рӯзи шанбе гузориш додааст, ки Питери 80-сола ва ҳамсараш Барби Рейнолдзи 79-сола гуфтаанд, ки ҳаргиз ба онҳо гуфта нашуд, чаро боздошт шудаанд.
Ин ҷуфт, ки наздик ба ду даҳа дар Афғонистон як барномаи хайриявиро идора кардаанд.
Ин хонавода дар моҳи сентябр бо миёнҷигарии Қатар аз зиндони Толибон озод шуданд.
Онҳо дар аввали феврали соли 2025 пас аз он ки бо як парвози чартерӣ аз Кобул ба вилояти Бомиён рафтанд, бо дӯсташон Фей Хол ва тарҷумонашон боздошт шуданд.
Толибон гуфтаанд, ки ин ҷуфт қанунҳои Афғонистонро нақз карда буданд ва пас аз тайи марҳилаи қазоӣ озод шуданд, аммо ҳаргиз далели боздошти онҳоро фош накардаанд.
Ин хонавода, ки дар соли 1970 дар Кобул издивоҷ карда буданд, гуфтаанд, ки дар 10 зиндони мухталиф нигаҳдорӣ шудаанд ва дар баъзе ҳолатҳо гумон мекардаанд, эъдом хоҳанд шуд.
Барби гуфтааст, ки ӯ дар зиндон бо 240 зани зиндонӣ будааст, аммо “зиндонҳои бисёр дигаре ҳам бо занон ва 40 кӯдак” вуҷуд доштааст.
Ӯ гуфтааст: “Ҷо бисёр танг буд, барои ин теъдоди афрод ҳудуди ҳафт ҳоҷатхона вуҷуд дошт. Талош карданд ҳаммомҳоро таъмир кунанд, аммо дубора хароб шуданд ва канализатсияҳо ҳамеша саррез мешуд”.
Дар моҳи Рамазон, Барби рӯзона танҳо як бор ғизо дарёфт мекардааст, аммо пас аз Рамазон ҳамон миқдор ғизо миёни ду вақт тақсим мешудааст.
Ӯ афзудааст: “Дучори сӯитағзияи шадид шудам ва камхунӣ гирифтам, Питер гуфт вақте дубора маро дид, 20 сол пиртар шуда будам”.
Муовини намояндаи Амрико рӯзи гузашта дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Толибон бо гаравгонгирии шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз онҳо ба унвони абзори фишор барои музокирот истифода мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”