Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Ду миллиону чил ҳазор сомонӣ аз номи Президенти кишвар ба 67 варзишгар тақдим мегардад
Мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини ҷудо, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, бокс, қаиқронӣ, таэквандо (ВТ), самбо ва кикбоксинг бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешаванд.
Иттилоъ дода мешавад, ки маблағи умумии ҷоизаҳо ду миллиону чил ҳазор сомониро ташкил дода, барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
“Соҳаи варзиш ва варзишгарони касбӣ ҳамеша зери дастгирӣ ва қадршиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, заҳматҳо ва дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки воситаи муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, қадрдонӣ мешавад”, - зикр мекунад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли панҷум аст, ки ба ғолибон, ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва муррабиёни онҳо тақдим мегардад. Ҷоизаи мазкур нишонаи қадршиносии давлатии варзишгарони бонангу номуси кишвар, ки дар арсаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи обрӯи миллат ва баланд бардоштани мақоми давлат заҳмат мекашанд, мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод