Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Макрон: “Аврупо хеле ҷиддӣ дар маърази хатар аст”
Эммануэл Макрон, президенти Фаронса дар изҳороте бо ишора ба ин ки Иттиҳоди Аврупо бо вуҷуди даҳҳо тавофуқи тиҷоратӣ ва маъданӣ ҳамчунон хеле ҷиддӣ дар маърази хатар қарор дорад, таъкид кард, ки “қитъаи сабз” (манзур Аврупо) бояд сиёсати тиҷоратии худро ба абзори стратегӣ барои коҳиши вобастагиҳо ва осебпазирӣ табдил кунад.
Ба гузориши “Евронюз”, Макрон дар ҷараёни суханронии худ дар Иҷлоси саноати Аврупо дар Белгия ҳушдор дод, ки Аврупо бояд ба дунболи шарикатҳои тиҷоратии мутавозин ва мутақобилан судманд бошад, аммо ин ҳамкориҳо бояд ба истиқлоли Аврупо кумак кунад, на ин ки боиси афзоиши вобастагии он ба дигарон шавад.
Вай ҳамчунин, бо ишора ба вобастагии Аврупо ба маводи ҳаётии камёб ва ниҳодҳои стратегӣ, гуфт: “Тавофуқҳои тиҷоратӣ ва маъданӣ бояд ба истихроҷи воқеӣ, сармоягузории воқеӣ, корхонаҳои воқеӣ ва занҷираи таъмини воқеӣ табдил шаванд”.
Президенти Фаронса ҳамчунин, хостори эҷоди “як Иттиҳоди воқеии энергетикӣ” шуд, ки битавонад энергетикаи пойдор, қобили пешбинӣ ва рақобатпазир барои саноати Аврупо фароҳам кунад ва шиддати вобастагии ин қитъа ба Русия, Чин ва ҳатто Амрико дар ҳавзаи энергетикиро кам кунад.
Макрон дар идома бо ишора ба ин ки Аврупо бояд манобеи таъмини маводи ҳаётии мавриди ниёзи худро таъмин кунад, то осебпазирияш кам шавад, афзуд: “Аврупо бояд бо кишварҳои бештаре дар Африқо, Амрикои Лотин, Австралия ва Осиё тавофуқҳои маъданӣ ва саноатӣ бибандад ва дар ҳавзаи истихроҷ, фановарӣ ва занҷираи таъмини онҳо сармоягузориҳои муштарак анҷом диҳад ва набояд танҳо ба як ё ду кишвар вобаста бошад.
Президенти Фаронса ҳамчунин, бо ишора ба сармоягузориҳои густардаи иқтисодии Чин ва Амрико, гуфт: “Ин ду кишвар дар арсаҳои мухталиф хеле бештар аз мо сармоягузорӣ мекунанд ва мо дар ин замина аз онҳо ақиб мондаем”.
Макрон дар поён бо таъкид бар ин ки ба сиёсати ҳимояти беш аз ҳад аз саноатҳои дохилӣ эътиқод надорад, чунин гуфт: “Ба қитъае содаандеш низ бовар надорам, ки танҳо бозингаре дар ҷаҳон бошад, ки аз тавлидкунандагони дохилии худ ҳимоят намекунад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка