Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Вазири дифои Олмон: “Украина имсол ба 60 миллиард евро кумаки хориҷӣ ниёз дорад”
Борис Писториус, вазири дифои Олмон, дар ҳошияи нишасти Вазирони дифои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел эълом кард, ки Украина барои таъмини ниёзҳои худ дар соли ҷорӣ (2026) ба 60 миллиард евро кумаки хориҷӣ ниёз дорад.
Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Писториус дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо баёни ин ки Украина танҳо барои таъмини ниёзҳояш дар соли 2026 ба 60 миллиард евро ҳимояти хориҷӣ ниёз дорад, гуфт: “Бинобар ин, ҳар як миллиард евро, чӣ аз манобеи миллӣ ва чӣ аврупоӣ, аҳамияти зиёде дорад”.
Ӯ ҳамчунин, бо ишора ба нигаронии бархе аъзои Иттиҳоди Аврупо, ки мумкин аст кумакҳои мустақими кишварҳои узв ба Киевро коҳиш диҳад, афзуд: “Ин нигарониҳо қобили дарк аст, аммо мо илова бар кумакҳои мустақими кишварҳо ба Киев, ба манобеи молии Иттиҳоди Аврупо барои анҷоми ин кор низ ниёз дорем ва бидуни таъмини буҷаи бештар, ҳимоят аз Украина мумкин нест”.
Ба гузориши расонаҳо Парлумони Аврупо қаблан тайи як раъйгирӣ бо тасвиби гранти 90 миллиард евро (107 миллиард доллар) барои Украина, бахши умдаи ниёзҳои буҷавӣ ва низомии ин кишварро барои ду соли оянда таъмин карда буд: тасмиме, ки ҳамзамон бо наздик шудан ба чаҳорумин солгарди ҷанги Русия гирифта шуд.
Раъйгирӣ дар бораи ироаи гранти 90 миллиард евроӣ ба Украина, пештар дар 19-уми декабри соли 2025 мавриди тавофуқи сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифта буд, марҳилаи охири раванди тасвиби ин бастаи молӣ аст ва акнун интизор меравад Шурои Аврупо ин тасмимро расман таъйид кунад, то пардохтҳо аз моҳи апрел оғоз шавад.
Шурои Иттиҳоди Аврупо пештар бо ниҳоӣ кардани мавқеи худ дар бораи чаҳорчӯби қонунии кумаки 90 миллиард евроӣ ба Украина, масири пардохти нахустин бахш аз ин ҳимояти молиро аз аввалҳои семоҳаи дувуми соли ҷорӣ ҳамвор карда буд.
Шурои Иттиҳоди Аврупо бо судури баёнияе эълом кард, ки бар сари мавқеи худ дар бораи муқаррароти иҷроии тавофуқи сарони Иттиҳоди Аврупо барои ироаи кумаки 90 миллиард евроӣ ба Украина дар солҳои 2026 ва 2027 ба ҷамъбандӣ расида ва ҳадафаш дастёбии сареъ ба тавофуқ бо Парлумони Аврупо аст, то нахустин пардохтҳо дар ибтидои семоҳаи дувуми соли ҷорӣ анҷом шавад.
Бар асоси ин чаҳорчӯб, гранти ёдшуда барои пӯшиши “ниёзҳои фаврии таъмини молӣ”-и Украина дар идомаи ҷанги Русия ва ба таври мушаххас барои пуштибонӣ аз буҷаи умумӣ ва ниёзҳои дифоии ин кишвар тарҳрезӣ шудааст.
Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 21-уми феврали соли 2022 бо интиқод аз бетаваҷҷуҳии Ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав, истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро дар минтақаи Донбасс ба расмият шинохт.
Се рӯз пас аз он, Путин амалиёти низомие, ки онро “амалиёти вижа” номид, алайҳи Украина оғоз кард ва ба ин тартиб равобити пуртаниши Маскав - Киев ба рӯёрӯии низомӣ тағйири вазъият дод ва ин ҷанг то ҳанӯз ба таври ваҳшатнок идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка