Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Ҳуҷҷати рақамӣ. 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ бе ҳозиршавӣ ба мақомот дастрасанд
Тавре ки Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин рушди низоми ҳукумати электронӣ дар кишвар портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ekhizmat.tj фаъол гардидааст.
Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар ҳоли ҳозир дар портали ekhizmat.tj шаҳрвандон метавонанд 83 номгӯй хизматрасонии давлатиро дар портали мазкур ба даст оранд.
Таъкид гардид, ки дар портали ekhizmat.tj хизматрасониҳои ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт бе ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт бо ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ, иҷозат (талон) барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, баҳисобгирии тӯйҳои домодиву арӯсӣ, бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ, гирифтани имзои электронӣ, иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, бақайдгирии давлатии таваллуд, додани хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ ва пардохти андоз барои воситаи нақлиёт бе ҳозиршавӣ ба мақомот дастрас ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод