Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид
Бори якум дар кишвар панҷ бемори саратони ғадуди простата ҷарроҳии простатэктомия шуданд
Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар табобати саратони ғадуди простата бо усули эндоскопӣ бомуваффақият амалӣ гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қавли директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбар Муродзода иттилоъ медиҳад, бо ин усули нав ба 5 нафар бемори гирифтори саратони ғадуди простата ҷарроҳии простатэктомия гузаронида шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки "то ҷори гардидани усули эндоскопӣ табобати ҷарроҳии саратони ғадуди прастата асосан бо усули анъанавии кушода гузаронида мешуд. Дар ин намуди ҷарроҳӣ буриши калон анҷом дода шуда, бо осеби зиёди бофтаҳо, хунравии нисбатан зиёд ва давраи тӯлонии барқароршавии беморон анҷом меёфт. Беморон баъди ҷарроҳии анъанавӣ муддати зиёд дар беморхона бистарӣ шуда, хатари пайдоиши оризаҳои баъдиҷарроҳӣ низ баландтар буд".
Манбаъ меафзояд, ки бо ҷори намудани усули эндоскопии ҷарроҳӣ имкониятҳои табобати саратони ғадуди прастата ба сатҳи нав баромад. Ин усул бо буришҳои хурд анҷом дода шуда, хунравӣ ва осебнокии бофтаҳоро ба ҳадди ақал мерасонад. Дар натиҷа, дарди баъди ҷарроҳӣ камтар буда, муҳлати бистаришавӣ кутоҳ (6–7 шабонарӯз) мегардад ва беморон зудтар ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард