3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:32, Душанбе
16.01.2026 08:24

Вазорати тандурустӣ ба овозаҳои паҳншуда вокуниш кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар робита ба паҳн гардидани овозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба зарари доруи Пантогам вокуниш кард.

Гуфта мешавад, ки масъалаи мазкурро Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

“Баъди нашри овозаҳо атрофи доруи мазкур аз анбори ширкатҳои воридкунандаи он барои гузаронидани санҷишҳои озмоишгоҳии такрорӣ намунаҳо гирифта шуданд. Ҳамин тавр, силсилаҳои гуногуни доруи Пантогам (гопантеновая кислота) 100 мг/мл раствор для приема внутрь, 100 мл, истеҳсолкунанда 000 «Пик- Фарма Леки Федератсияи Русия аз нав мувофиқи талаботи стандартҳои муқарраршуда - ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ аз санҷиш гузаронида шуд. Натиҷаи санҷишҳои физикию химиявии такрории намунаи силсилаҳои гуногуни доруи мазкур муайян намуданд, ки ба талаботи стандартҳои муқарраршуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ мебошад”, - омадааст дар вокуниши варзорат.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соҳаҳои эҳёи кӯдакона, бемориҳои асаби кӯдакона ва заҳролудшавӣ (токсикология) ҳолати мазкурро зери таҳлил ва баҳогузорӣ қарор дода, вобастагии фавти кӯдакони гирифтори бемориҳои асаб аз истифодаи дорувории Пантогамро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, беасос номиданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.