Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Масъалаи дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат баррасӣ гардид
Дар Душанбе вохӯрии директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадҷон Ғафорзода бо директори Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар Тоҷикистон Канг Синг Хон сурат гирифт.
Тавре иттилоъ дода мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Муҳамадҷон Ғафорзода омодагии Марказро ҷиҳати ҳамкорӣ бо KOICA дар самтҳои такмили ихтисоси кормандон, расонидани кумаки моддӣ-техникӣ, таъсиси студияи муосир дар Марказ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил ва баргузории олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ иброз дошт”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ба ҳамкории зич дар самти муаррифии дастовардҳои ҷавонони болаёқати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи хос ҳозир гардид, ки ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва дастгирии истеъдодҳо иброз намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка