Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Аз номи Президент ба оилаи афсари шаҳидшуда хонаи истиқоматӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари шаҳидшуда Қурбонов Исматулло хонаи дуҳуҷрадор аз маркази шаҳри Бохтар ва кумаки молиявӣ тақдим гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, 7-уми январ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба хонаи майор Қурбонов Исматулло, афсари шаҳидшуда ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафта, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсари шаҳид калиди хонаи дуҳуҷрадор аз маркази шаҳри Бохтар ва аз номи худ кумаки молиявӣ тақдим намуд.
“Истиқлол, амният ва оромии Тоҷикистон бо ҷонфидоии фарзандони шуҷоу ватандӯст ҳифз мегардад. Қурбонии чунин афсарони далер далели садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ ва муҳаббати беканорашон ба Ватан аст. Номи онҳо ҳамеша дар хотираи миллат боқӣ мемонад ва давлат ғамхории хешро нисбат ба хонаводаҳои шаҳидон ҳаргиз фаромӯш намекунад”, - гуфтааст Давлаталӣ Саид.
Ёдовар мешавем, ки шоми 23-юми декабри соли 2025 се нафар аъзои ташкилоти террористӣ аз қаламрави Афғонистон ба минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ»-и Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ғайриқонунӣ ворид шуданд. Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ҳар се террорист безарар гардонида шуданд ва ҳамчунин, ду нафар хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович қаҳрамонона ба шаҳодат расиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод