Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ҳамлаи мусаллаҳона дар марз. Террористон безарар гардонида шуданд, ду хизматчии ҳарбии тоҷик ҳалок гардид
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамлаи мусаллаҳонаи се аъзои ташкилоти террористӣ, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуданд, хабар дод.
Манбаъ меафзояд, ки 23-юми декабри соли равон, соати 23:30 се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд. 24-уми декабр, соати 11:15 макони террористон муайян шуд. Онҳо ба амри сарҳадбонони тоҷик барои таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳарсеашон безарар гардонида шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин амалиёти ҷангӣ ду хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаҳои М-16, автомати Калашников, 3 адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ бо таҷҳизоти садохомӯшкунак, 10 адад норинҷакҳои дастӣ, як адад дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.
Ба навиштаи манбаъ, дар як моҳи охир ин сеюмин ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳона, содир намудани амали террористӣ ва убури сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон аст, ки дар натиҷаи он кормандони мулкӣ ва хизматчиёни низомӣ ба ҳалокат расиданд.
“Далелҳои мазкур исботи он аст, ки ҳукумати «Толибон» дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ваъдаҳои пайдарҳами худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубориза бо аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ноуҳдабароӣ, бемасъулиятии ҷиддӣ ва такроршаванда нишон медиҳад”, - омадааст дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав