Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ню-Йорк таймс: "ИМА ба мавқеъҳои ДОИШ дар Сурия ҳамлаҳои бузурги ҳавоӣ анҷом дод"
Ба иттилои "Ню-Йорк таймс" рӯзи ҷумъа Иёлоти Муттаҳида ба мавқеъҳои гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ” (ДОИШ) дар Сурия ҳамлаҳои густурдаи ҳавоӣ анҷом дод. Гуфта мешавад, ки ин амалиёт дар посух ба кушта шудани ду сарбози амрикоӣ ва як тарҷумон сурат гирифтааст, ки рӯзи шанбеи гузашта дар қисмати марказии Сурия дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ ба ҳалокат расида буданд.
Дар изҳороти Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоӣ, чархболҳои ҳамла ва воҳидҳои артиллерӣ барои дастгирии амалиёт беш аз 100 зарба ба зиёда аз 70 ҳадафи гумонбаршудаи ДОИШ дар чанд минтақаи марказии Сурия ворид кардаанд. Ба гуфтаи CENTCOM, дар байни ҳадафҳо анборҳои силоҳ ва дигар иншоот қарор доштанд. Ҳамчунин, қайд шудааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Урдун низ дар ин амалиёт ширкат варзиданд.
Президент Доналд Трамп ин амалиётро «ҳамлаи бузург» номидидааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоии Сурия хабарҳо дар бораи шунида шудани таркишҳо дар қисматҳои гуногуни кишвар паҳн шуданд.
Дар расонаҳои амрикоӣ гуфта мешавад, ки Вазири дифои Амрико Пит Хегсет талош кардааст нигарониҳоро аз эҳтимоли оғози як ҷанги нави бузург дар Ховари Миёна коҳиш диҳад, вале ҳамзамон таъкид карда, ки фишор алайҳи ДОИШ идома хоҳад ёфт. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ин ҳамла метавонад, ба ташаннуҷи бадтари вазъ дар Ховари Миёна сабаб шавад.
Пит Хегсет дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин навишт: «Ин оғози ҷанг нест - ин эълони интиқом аст. Иёлоти Муттаҳида, таҳти роҳбарии президент Трамп, ҳеч гоҳ ноумед намешавад ва дар дифоъ аз мардуми худ ақибнишинӣ намекунад».
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка