Мусобиқаи «King’s Cup 2026». Мунтахабҳои Тоҷикистону Уммон рақобат мекунанд
Чопон барои сохмони мактабу беморхона ба Тоҷикистон кумаки бебозгашт кард
Беморхонаи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд
Дар пойтахт корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот ифтитоҳ шуд
4810 ҷойи кор пешниҳод шуд. Дар пойтхат ярмаркаи ҷойи кори холӣ ва имкониятҳои нав доир гардид
Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар IT-PARK-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва имкониятҳои нав доир гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳадафи асосии ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғли аҳолӣ, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба ватан бозгашта, инчунин, муаррифии имкониятҳои нави меҳнатӣ дар дохили кишвар мебошад.
“Дар чорабинӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо иштирокчиён ва корфармоён суҳбати озод анҷом дода, таъкид намуданд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард, зеро сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди бозори меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардидааст. Зикр шуд, ки баргузории чунин ярмаркаҳо ба коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷойҳои кори шоиста дар дохили кишвар мусоидат мекунад”, - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Дар ярмарка намояндагони 75 корхонаю муассиса, ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуда, ба шаҳрвандон 4810 адад ҷойи кор аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонӣ ва соҳибкории хурд пешниҳод намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар чорабинӣ 1732 нафар иштирок кард, ки аз ин шумора 362 нафар аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ҳамчун довталаб барои ишғоли ҷойҳои кор ба қайд гирифта шуданд. Ҳамзамон, 317 нафар бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар доираи чорабинӣ, муаррифии курсҳои касбомӯзӣ, барномаҳои бозомӯзӣ ва лоиҳаҳои дастгирии шуғли аҳолӣ баргузор шуда, ба корҷӯён роҳҳои баланд бардоштани малакаҳои касбӣ пешниҳод карда шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт