25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
28.11.2025 10:03

Баъди тирандозӣ. Вуруди афғонҳо ба Амрико манъ шуд

Пас аз тирандозии муҳоҷири афғон ба неруҳои Горди миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақомоти ин кишвар дастур доданд, ки гринкорт ва шароити вуруди паноҳҷӯёни афғонистонӣ санҷида шавад.

Президент Доналд Трамп дар пайи ин тирандозӣ дастур дод, ки додани паноҳандагӣ ва гринкорт ба афғонҳо манъ шавад.

Кеш Пател, раиси Идораи таҳқиқоти федералии Амрико гуфт, ки ду сарбози Горди миллии Вирҷинияи ғарбӣ, ки мавриди исобати гулӯла қарор гирифтаанд, зиндаанд, вале вазъи саломатиашон бисёр вахим мебошад.

Полиси Амрико мегӯяд, ки ҳодисаи тирандозӣ дар Вашингтонро ба ҳайси як иқдоми террористии эҳтимолӣ баррасӣ хоҳад кард.

Вазорти амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки Раҳматуллоҳ Линквол, паноҳҷӯи 29- солаи афғон ба тирандозӣ гумонбар мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.