Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Эълонҳои ғайриинтизор аз UFC. Арман ва Мовсар сарфи назар шуданд
Чанд соат пеш ташкилоти UFC расман ду мусобиқаашро барои оғози соли 2026 эълон кард, ки барои ҳаводорони муҳорибаҳои омехта ғайриинтизор буд.
Дар мусобиқаи UFC 324, ки 25-уми январи соли 2026 доир мегардад, Ҷастин Гейҷи бо Пэдди Пимблетт барои камарбанди муваққатии чемпионӣ дар вазни сабук рақобат мекунанд.
Ҳоло чемпиони вазни сабук Илия Топурия аст ва тибқи хабарҳо бояд бо Арман Старукян муҳориба мекард, вале ӯ гуфтааст, ки мушкилоти оилавӣ дорад ва дар семоҳаи аввали соли 2026 ба майдон баромада наметавонад. Ҳамин тавр, довталаби асосӣ барои муҳорибаи чемпионӣ Арман Старукян шонси рақобатро барои камарбанд аз даст дод.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи UFC 325, ки якуми феврали соли 2026 доир мешавад, чемпиони вазни нимсабук Алекс Волконовский бори дуюм бо Диего Лопес барои камарбанди чемпионӣ муҳориба мекунад. Аслан, довталаби асосӣ барои рақобати чемпионӣ Мовсар Евлоев буд, вале ба ӯ ҳам шонс надоданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад