25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
27.11.2025 11:56

Толибон мехоҳанд ба ҷои Покистон аз Ҳиндустон дору ворид кунанд

Нуриддин Азизӣ, Вазири саноат ва тиҷорати гурӯҳи террористии Толибон дар Деҳлӣ бо намояндагони Шурои рушди содироти доруи Ҳиндустон мулоқот ва гуфтугӯ анҷом дод.

Вазорат дар хабараш гуфт, ки Ҳиндустон хоҳони афзоиши содироти дору ба Афғонистон мебошад. Қаблан, Вазорати молияи Толибон эълон кард, ки ба воридоти маҳсулоти доруии Покистон баъди се моҳи дигар иҷоза нахоҳад дод.

Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии раиси ҳукумати Толибон ба Вазорати молия дастур дод, ки то се моҳи оянда воридоти дору аз Покистонро аз пардохти гумрук озод кунад. Ӯ, ҳамчунин, аз тоҷирони афғон хост, ки роҳҳои ивазкунанда барои гузаргоҳҳо ва бозорҳои Покистон ҷустуҷӯ кунанд.

Вазорати тиҷорати Толибон рӯзи шанбе дар изҳороте навишт, ки “Ҳиндустон алоқамандии худ барои густариши ҳамкориҳо ва афзоиши содироти дору ба Афғонистонро таъкид карда, омодагиии худ барои сармоягузории муштарак ва таъсиси корхонаҳои тавлиди дору дар Афғонистонро эълон дошт”.

Бино ба иттилои ду ҷониб дар хусуси воридоти дору, боло бурдани сифати маҳсулоти дорусозӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар равандҳои тиҷорати дору миёни ду кишвар табодули назар намуданд.

Вазорати саноат ва тиҷорати Толибон таъкид намуд, ки аз ширкатҳои бонуфузи дорусозии Ҳиндустон ба таври ҳамаҷониба ҳимоят хоҳад кард.

Вазорати тиҷорати Толибон ҳамчунин, иттилоъ дод, ки масъулон ва фаъолони бахши дорусозии Афғонистон аз корхонаҳои пешрафта ва боэътибори дорусозии Ҳиндустон боздид хоҳанд кард.

Расонаҳои афғонистонӣ навиштанд, ки ҳайате аз бахши саноати дорусозии Ҳиндустон низ барои баррасии заминаҳои амалии таъсиси корхонаҳои истеҳсоли дору дар Афғонистон ва густраиши содирот ба Кобул сафар хоҳанд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.