“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
“Истиқлол” дар майдони худ коре карда натавонист. Ғалабаи “Ал-Наср” дар Ҳисор
Шоми 26-уми ноябр бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар доираи даври 5-уми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё рақобат кард.
Вохӯрии мазкур дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, бо ҳисоби 0:4 “Истиқлол” шикаст хурд.
Футболбозони “Ал-Наср” Жоау Феликс, Муҳаммад Симакан, Садио Мане ва Айман Яҳё ба дарвозаи “Истиқлол” гол заданд. Футболбозони тоҷик дар муқобили ситораҳои ҷаҳонии футбол коре карда натавонистанд.
Дар мавсими ҷорӣ бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Ал-Наср” бори дуюм аст, ки вомехӯранд. Бозии қаблиашон дар майдони “Ал-Наср” бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи тими арабӣ анҷом ёфта буд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа бошгоҳи “Истиқлол” дар ҷойи сеюм қарор дорад ва моҳи декабр як бозии дигар бо дастаи “Гоа”-и Ҳиндустон анҷом медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид