Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Покистон ба Афғонистон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. 10 нафар кушта шуданд
Расонаҳои афғонистонӣ хабар доданд, ки дар ҳамлаи Покистон ба Афғонистон 10 нафар кушта шудааст. Ин ҳамла дар вокуниш ба як ҳамлаи интиҳории рӯзи гузашта дар пойгоҳи низомии Покистон сурат гирифт.
Бар асоси иттилоъ, ин ҳамла як рӯз баъд аз ҳодисаи террористӣ дар маркази фармондеҳии неруҳои амниятии Покистон дар шаҳри Пешовар сурат гирифт. Ҳодисае, ки танишҳоро дар миёни ду кишвар дубора афзоиш додааст.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон гуфт, ки ҷангандаҳои покистонӣ субҳи имрӯз хонаи як фарди ғайринизомиро дар вилояти Хус мавриди ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа 9 кӯдак ва як зан ҷон бохтанд. Ӯ, ҳамчунин, аз захмӣ шудани 4 ғайринизомии дигар дар ҳамлаҳои ҷудогона ба минтақаҳои марзии Кунар ва Пактико хабар дод.
Ҳукумат ва артиши Покистон то ҳол дар хусуси ин ҳамлаҳо изҳори назар накардаанд. Ин рӯйдод дар шароите рӯй медиҳад, ки дар ҳамлаи интиҳории рӯзи душанбе ба қароргоҳи Неруи федералии констеблӣ дар Пешовар 3 афсар кушта ва 11 нафари дигар захмӣ шуданд.
Расонаҳои давлатии Покистон гуфтанд, ки омилони ин ҳамла шаҳрвандони Афғонистон будаанд ва Президент низ гурӯҳи Таҳрики толибони Покистонро масъули ин амалиёт хонд.
Робитаҳои Кобул ва Исломобод дар моҳҳои ахир, ба вижа баъд аз шиддат гирифтани даргирҳои марзиву ихтилоф дар хусуси равобити Толибони Афғонистон бо Таҳрики толибони Покистон шадидан тира шудаву музокироти ду ҷониб то ҳоло натиҷаи қобили мулоҳиза надодааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”