31 Октябр 2026,
шанбе, 09:36, Душанбе
24.11.2025 10:28

Пешвои миллат: “Парчам рамзи номус, шараф ва ваҳдати миллии тоҷикон аст”

Дар паёми шодбошии худ, ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шаҳрвандонро самимона табрик намуда, парчамро яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва ҳувияти тоҷикон номиданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки Пачами давлатӣ барои ҳар миллат рамзи истиқлол, озодихоҳӣ ва иродаи қавии мардум аст: «Он нишонаи ваҳдат, сарҷамъӣ ва талошҳои таърихии миллати тоҷик барои ҳифзи озодӣ ба шумор меравад.»

Президент ёдовар шуданд, ки суннати парчамдорӣ дар фарҳангу давлатдории тоҷикон таърихи чандинҳазорсола дошта, аз Дирафши Ковиёнӣ то парчами имрӯзии давлатдории миллӣ тӯли асрҳо идома ёфтааст.

Дар паём таъкид гардид, ки қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи XVI-и Шурои Олӣ (соли 1992) пояи давлатдории навини тоҷиконро устувор кард ва аз он рӯз то имрӯз миллати тоҷик дар зери ин парчам ба сулҳу субот, амният ва созандагӣ ноил гардидааст.

Пешвои миллат зикр карданд, ки имрӯз парчами Тоҷикистон дар тамоми созмонҳои байналмилалӣ, варзишгоҳҳо, мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сатҳи баланд ҳамчун рамзи кишвари озоду ҳуқуқбунёд парафшон аст.

Сарвари давлат аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки эҳтироми парчами миллиро ба фарзандон омӯзанд, зеро муҳаббат ба парчам нишонаи имон ба миллат, давлат ва фарҳанги бостонии тоҷикон аст. Ба гуфтаи Пешвои миллат, парафшон нигоҳ доштани парчам вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос мебошад.

Дар фарыоми паёми худ Президент таъкид карданд, ки таҳти ин рамзи муқаддас бояд барои ободии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлол саъю талош намоем.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.