Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Номушаххасӣ дар стратегияи Трамп нисбат ба Венесуэла. Аз амалиёти махфӣ то музокирот
Як гузориши нави “Ню-Йорк таймз” сиёсат ва стратегияи Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нисбат ба Венесуэларо “мубҳам ва серпаҳлӯ” арзёбӣ намудааст. Тибқи навиштаи ин нашрия, Вашингтон як ҷо бо афзоиши фишорҳои низомиву сиёсӣ ба ҳукумати Николас Мадуро, ҳамзамон ҳам амалиётҳои махфиёнаи СРУ ва ҳам музокироти пуштипардаро фаъол нигоҳ медорад.
Бино ба иттилои манбаъ, Доналд Трамп ба СРУ иҷозаи анҷоми силсилаи амалиёти пинҳонӣ дар дохили Венесуэларо додааст. Аз амалиёти иттилоотӣ то равонӣ то эҳтимоли амалҳои тахрибкорона. Ҳамзамон, Кохи Сафед даври навбатии гуфтугӯҳои махфӣ бо ҳукумати Модураро оғоз намудааст.
Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат мегирад, ки бузургтарин киштии ҳавопаймобари Гералд Форд ба баҳри Кариб ворид шуда, шумори неруҳои амрикоӣ дар минтақа ба 15 ҳазор нафар расидааст.
Ин бузургтарин ҳаракати низомии Амрико дар Кариб пас аз буҳрони мушакии Куба дар соли 1962 арзёбӣ мешавад.
Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки Пентагон рӯйхати ҳадафҳои низомиро омода намудааст. Аз иншооти марбут ба қочоқи маводи мухаддир то воҳидҳои низомии наздик ба Мадуро.
Манбаъҳо мегӯянд, ки эҳтимоли амалиётҳои махфиёнаи “СРУ” қабл аз ҳамлаҳои эҳтимолии низомӣ сурат гиранд.
Дар ҳамин ҳол Мадуро дар муқобили фишорҳои Вашингтон истодагӣ нишон дада, аз канор рафтан аз қудрат худдорӣ кардааст. Бо вуҷуди ин бунбаст, “Ню-Йорк Таймз” менависад, ки имкони расидан ба як созиши дипломатӣ пурра аз миён нарафтааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ҳадафи ниҳоии Трамп ҳанӯз норӯшан боқӣ мондааст. Оё ӯ мехоҳад дастрасии ширкатҳои амрикоӣ ба захираҳои бузурги нафтии Венесуэларо таъмин кунад ё ба тағйири ҳукумат ба воситаи фишори низомӣ умед бандад.
Ба навиштаи ин нашрия, Вашингтон сиёсати “фишори физоянда” бар зидди Каракасро идома медиҳад ва Доналд Трамп таъкид намудааст, ки “ҳеч як интихобро аз рӯи миз берун намемонад.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка