Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Кӣ зиёдтар маъруф аст? Доналд Трамп бо Криштиану Роналду вомехӯрад
Нашрияи “Mundo Deportivo” хабар медиҳад, ки имрӯз 19-уми ноябр президенти Амрико Доналд Трамп бо футболбози португалӣ Криштиану Роналду вомехӯрад.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Криштиану Роналду дар мусоҳиба бо журналист Пирс Морган президенти Амрико Доналд Трампро ситоиш карда, иброз дошта буд, ки барои оромӣ ва сулҳу субот дар ҷаҳон нақши калидӣ дошта метавонад.
Ҳамчунин, футболбози португалӣ дар суҳбат гуфта буд, ки мехоҳад бо Доналд Трамп вохӯрад ва суҳбат намояд. Дар ин росто, журналист Пирс Морган низ баён дошта буд, ки барои ташкили ин вохӯрӣ кӯшиш хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду гуфта буд, ки худро дар интернет аз Доналд Трамп дида, машҳуртару маъруфтар мешуморад.
Пас аз расонаӣ шудани хабари вохӯрии онҳо, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бо шӯхӣ менависанд, ки дар ин мулоқот маълум мегардад, ки кӣ бештар маъруф аст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка