27 Сентябр 2026,
якшанбе, 05:47, Душанбе
18.11.2025 09:46

Шурои амнияти СММ қатъномаи Амрико дар бораи Ғазарро тасдиқ кард

Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шаби рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ қатъномаи пешниҳодии Амрикоро, ки бар асоси тарҳи маъруф ба “Сулҳи Доналд Трамп” барои ояндаи Ғазза таҳия шуда буд, бо ду раъйи бетарафи Русия ва Чин қабул намуд. Тибқи ин санад, ҳайати сулҳ ва неруи байналмилалии субот дар Ғазза таъсис дода мешавад.

Шурои амният қатъномаи рақами 2803 – ро дар бораи Ғазза ба тасвиб расонд, ки бар асоси он ҳайати сулҳ ва неруи байналмилалии субот, тавре дар “лоиҳаи ҳамаҷонибаи Иёлоти Муттаҳида барои поёни даргирӣ дар Ғазза” омадааст, иҷозаи фаъолият мегирад.

Ин қатъномаи пешниҳодии Амрико 13 раъйи тарафдор ва ду раъйи бетарафи Русия ва Чинро ба даст овард. Азбаски ҳеч яке аз 15 узви Шурои амният мухолифат накарданд, қатънома қабул шуд. Дар ин санад бандҳое ҷой доранд, ки эҳтимолан роҳи ояндаро барои таъсиси кишвари Фаластин нишон медиҳад.

Бар асоси қатънома кишварҳои узв метавонанд дар Шурои сулҳ ҳузур пайдо кунанд. Ин ниҳод масъули назорат бар бозсозӣ ва эҳёи иқтисодии Ғазза хоҳад буд.

Ин қатънома ҳамчунин, Неруи байналмилалии суботро ба расмият мешиносад. Неруе, ки раванди хомӯш кардани ҷанги Ғаззаро, аз ҷумла ҷамъоварии силоҳ ва нобуд сохтани зерсохтҳои низомиро таъмин хоҳад кард.

Майкл Уолтз, сафир ва намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, қабл аз райъ додан иддао намуда буд: рад кардани ин қатънома ба маънои розӣ шудан ба азсар гирифтани ҷанг мебошад. Ба гуфтаи ӯ, “лоиҳаи 20 моддаии Доналд Трамп ҳама роҳи ҳалҳоро пешбинӣ намудааст” ва “бозгашт ба нуқтаи ҷанг” қобили қабул намебошад.

Ӯ, ҳамчунин гуфт, ки ин қатънома як “нақшаи ҷасурона ва амалгароёна” мебошад, ки бар асоси барномаи оташбаси 20 моддаии Доналд Трамп таҳия шудааст ва натиҷаи талошҳои муштараки дипломатии Қатар, Миср, Арабистони Саудӣ, Покистон, Индонезия ва Туркия аст.

“Ин қатънома ба Неруи байналмилалии субот, эътирофе аз неруҳои посдори сулҳ, аз ҷумла аз кишварҳои мусалмони дорои аксарият иҷоза медиҳад, ки таҳти фармондеҳии воҳид барои таъмини амнияти Ғазза, назорат бар раванди хомӯшсозӣ, муҳофизати ғайринизомиён ва расондани ёрии башардӯстона мустақар шаванд”- таъкид кард ӯ.

Уолтз иддао намуд, ки ин неру тадриҷан ҷойгузини артиши Исроил хоҳад шуд ва неруи полиси фаластинӣ, ки интихобу тасдиқ гардидааст, вазифаи навро бар дӯш мегирад.

Ӯ таъкид намуд, ки ниҳоди гузариши дорои ҳамоҳангсозии байналмилалӣ ва маблағгузории бозсозӣ ба воситаи суратҳисоби эътимодбахши таҳти ҳимояти Бонки ҷаҳонӣ ташкил хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин қатънома “роҳи мумкин”-ро барои худмухтории фаластиниён пас аз анҷоми ислоҳоти дархостшуда нишон медиҳад.

Аммор ибни Ҷомеъ гуфт, Алҷазоир аз талошҳои Амрико ва Доналд Трамп барои таҳияи ин лоиҳа қадрдонӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин қатънома ба “рӯзгори таҳаммулнопазир” барои фаластиниён поён хоҳад дод. Ӯ таъкид кард, ки сулҳи ҳақиқӣ бидуни адолат дар Ховари Миёна муассир нест. Ин қатънома рӯшан мегӯяд, ки “на ишғол, на замима кардани сарзамин ва на кӯчондани иҷборӣ” қобили қабул намебошад.

Ҷейсм Карюки, намояндаи Британия гуфт, хушунатҳо дар Каронаи Ғарбӣ метавонад пешрафт дар Ғазарро заиф кунад. Ӯ бар зарурати дастрасии бемониаи созмонҳои ёрирасон ба Ғазза таъкид намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.