Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
“Машқҳои муштарак, табодули таҷриба ва омӯзиш”. Вохӯрии Эмомалӣ Собирзода бо Саҳир Шамшод Мирзо
Тавре ки раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 12-уми ноябри равон сафари расмии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода ба Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз шуд.
Манбаъ менависад, ки вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар доираи сафараш бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Саҳир Шамшод Мирзо вохӯриву суҳбат намуд.
“Ҷонибҳо дар оғози суҳбат аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо хушнудӣ ёдовар шуда, рушди ҳамкориҳои минбаъдаро дар асоси ин сиёсат нек арзёбӣ намуданд”, - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Собирзода ва Саҳир Шамшод Мирзо масъалаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро баррасӣ намуда, дар шароити вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстону бародариро муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки баргузории машқҳои муштарак дар ҳарду кишвар, табодули таҷрибаи якдигар ва ба омӯзиш фаро гирифтани хизматчиёни низомӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбат буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав