Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Муовинон иваз шуданд. Низом Қосим бори сеюм раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд
11-уми ноябр дар Анҷумани 16-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бори сеюм раиси Иттифоқи нависандагон интихоб гардид. Ӯ бори аввал соли 2015, маротибаи дуюм соли 2020 раис интихоб шуда буд.
Мувофиқи оинномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як кас танҳо ду маротиба имкон дошт, ки ҳамчун раиси ин ниҳод интихоб гардад, вале гуфта мешавад, ки ба оиннома тағйирот ворид гардидааст ва тибқи он Низом Қосим бори сеюм раис интихоб шуд.
Ҳамчунин, дар Анҷуман муовинони раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иваз шуданд. сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Толиби Луқмон муовини якум ва мудири шуъбаи насри ИНТ Сироҷиддин Икромӣ муовин интихоб шуданд. Муовинони қаблӣ Ато Мирхоҷа сармуҳаррири маҷалаи “Садои Шарқ” ва Равшани Махсумзод сармуҳаррири маҷалаи “Помир” таъин шуданд. Ба ҷойи Толиби Луқмон, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Абдуллоҳи Раҳнамо таъин гардид.
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид