Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Туркманистон ба Афғонистон кумаки башардӯстона ирсол кард
Тибқи гузориши расонаҳо, кумаки Ҷумҳурии Туркманистон ба Ҷумҳурии Афғонистон, ки аз заминларза осеб дидааст, бар асоси супориши раиси Маслиҳати халқии Туркманистон ва раиси Бунёди хайриявии кумаки башардӯстонаи ниёзманд ба дастгирӣ Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов анҷом дода шудааст.
Дар нишасти навбатии Шӯрои бунёд муовини президент ва директори иҷроияи он О. Атбаева гуфт, ки хабари заминларзаи фоҷеабор дар Афғонистон бо андуҳи зиёд дар Туркманистон пазируфта шуд. Ӯ аз Роҳбари миллӣ хост, ки ба бунёд иҷозат диҳад барои кӯдакон ва мардуми зарардида аз офати табиӣ дар Афғонистон кумаки башардӯстона ирсол намояд.
Тибқи ин қарор, фиристодани маводи тиббӣ, доруворӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғизо ба Афғонистон амалӣ шуд. Бар асоси анъанаҳои нек ва башардӯстонаи мардуми туркман ин иқдом ба ҳайси рамзи ҳамбастагӣ ва дӯстии ду халқ анҷом ёфтааст.
Мақомоти Туркманистон гуфтанд, ки ин иқдом нишони садоқат аз принсипҳои баланди инсонпарварӣ ва саҳми кишвар дар таҳкими сулҳу суботи умумибашарӣ аст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”