3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:32, Душанбе
10.11.2025 10:27

Кӯшиши сенати Амрико барои анҷоми додани “шатдаун” барои 12-ум бор

Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори 12-ум натавонист лоиҳаи қонунеро, ки барои идома додани маблағгузории ҳукумати федералӣ зарур аст, қабул намояд. Ин санад барои ба поён расондани “шатдаун” пешбинӣ гардида буд.

Бар асоси иттилоъ, 54 сенатор аз лоиҳа ҷонибдорӣ карда, 46 нафар муқобил баромаданд. Ин дар ҳолест, ки барои тасвиби он ҳадди ақал 60 фоиз овоз зарур буд.

“Шатдаун” аз аввали моҳи октябр давом дорад ва бо сабаби он ихтилофот миёни ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар хусуси бахшҳои калидии буҷа, аз ҷумла тандурустӣ аст.

Ин вазъият дувумин танаффуси тӯлонитарини маблағгузории ҳукумат баъд аз “шатдаун”-и 35-рӯза дар охири солҳои 2018, аввали соли 2019 ба шумор меравад, ки дар даври аввали президентии Доналд Трамп рӯй дода буд.

Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки зарари ҳаррӯзаи буҷет аз ин ҳолат то ба 15 миллиард доллар мерасад. Роҳбари вазорат Скотт Бессант таъкид кард, ки буҳрон ба истеҳсолот ва сармоягузорӣ зарбаи сахт зад.

Мудири Шурои миллии иқтисодӣ Кевин Ҳассет ҳушдор дод, ки ҳар қадар “шатдаун” тӯл кашад, ҳамон қадар хатари ихроҷи оммавии кормадони давлатӣ зиёд мешавад.

Бар асоси гузориши сиёсатшиносон дар сурати танаффуси якмоҳа дар маблағгузорӣ тақрибан 43 ҳазор нафар, ба ҷуз 1,9 миллион хизматчиёни федералӣ, ки ё дар рухсатии бемаош қарор доранд ё ба шарти набудани маош корро идома медиҳанд, метавонанд муваққатан бекор монанд.

“Шатдаун” дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маънои боз мондани кори ниҳодҳои давлатӣ аз тасдиқ нашудани буҷаи давлатӣ аз сӯи конгессро дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.