4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:37, Душанбе
07.11.2025 16:38

Бозгашт пас аз 7 сол. “Маҳфили Зарифон” дубора дар телевизион пайдо мегардад

Бинобар иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Маҳфили Зарифон” пас аз танаффуси 7-сола боз фаъол мегардад.

Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур дар мавсими 2025–2026 дар се давр сурат мегирад, ки дар умум 32 даста аз донишгоҳҳои кишвар ширкат мекунанд.

Ҳамин тавр, марҳилаи якуми мавсими 2025-2026 10-уми ноябри соли равон оғоз гардида, то моҳи феврали соли 2026 идома мекунад.

Ёдовар мешавем, ки барнома-озмуни “Маҳфили Зарифон” яке аз барномаҳои сертамошобини Телевизиони Тоҷикистон буд ва дар он донишҷӯёни макотиби олии кишвар бо ҳам рақобати эҷодӣ мекарданд. 

Хатти хабарҳо