Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
СММ аз таъсиси 16 ҳазор ҷойи нави корӣ дар Афғонистон хабар дод
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) иттилоъ дод, ки бо вуҷуди буҳрони шадиди иқтисодӣ дар Афғонистон лоиҳаи нави ин ниҳод барои таъмини кафолати қарзҳо тавонистааст аз ҳазорҳо соҳибкорӣ дастгирӣ кунад ва 16 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварад.
Тибқи гузориши расмии UNDP, ки ҳафтаи қабл нашр гардид, 1 миллион доллар маблағи ҳамкории ин ниҳод бо Сандуқи сармоягузории рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCDF) сабаб шудааст, ки 20 миллион доллар қарз барои 7500 соҳибкори хурду миёна ҷалб гардад.
Бар асоси иттилоъ, аз ин шумора беш аз 2250 ширкат ба занон вобастагӣ доранд ва тақрибан 5000 зан дар миёни афроди тоза ба кор қабулшуда мебошанд.
Ин барнома ба воситаи Бунёди кафолати қарзии Афғонистон иҷро мешавад. Барнома бо ҷуброни қисми зиёни бонкҳо дар ҳолати бозпардохт нашудани қарзҳо, хавфи сармоягузориро коҳиш медиҳад ва молиядиҳиро ба бахши хусусӣ ташвиқ менамояд.
Ба гуфтаи масъулони UNDP ин ташаббус бахше аз талошҳои густурдатар барои бозсозӣ, таҳкими устувории иқтисодӣ дар Афғонистон мебошад. Барнома ҳамчунин, омӯзиши техникӣ, рушди маҳсулоти молиявӣ ва рушди хизматрасониҳои қарздиҳии рақамиро дар бар мегирад.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки абзорҳои кафолати қарзӣ, агар дуруст тарҳрезӣ шаванд ва бо ҳамкории муассисаҳои маҳаллӣ иҷро гарданд, метавонанд сармоягузории хусусиро фаъол карда, ба суръат бахшидани рушди иқтисодӣ дар шароити буҳронӣ мусоидат кунанд.
Созмони Милал мегӯяд, Афғонистон дар солҳои ахир бо буҳрони ҷиддии иқтисодӣ ва бекорӣ рӯ ба рӯ шудааст ва чунин барномаҳо метавонанд на фақат барои эҷоди ҷойҳои корӣ, балки барои боло бурдани нақши занон дар иқтисод нақши калидӣ дошта бошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”