3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:32, Душанбе
28.10.2025 08:54

Миёни операторони мобилӣ ва интернет-провайдерҳо озмун эълон гардид

Бо ташаббуси Хадамоти алоқа моҳҳои октябр-декабри соли равон озмуни “Telecom Awards Tajikistan 2025” баргузор мегардад.

Тавре ки маркази матбуоти Хадамоти алоқа хабар медиҳад, зимни ҷаласаи Кумитаи тадорукоти озмун таъкид гардид, ки минбаъд, ин ҷоизаи соҳавӣ ҳамасола миёни операторони мобилӣ ва интернет-провайдерҳои кишвар доир мегардад.

Ба навиштаи манбаъ, озмуни “Telecom Awards Tajikistan 2025” аз рӯйи 15 номинатсия гузаронида мешавад:

  • Беҳтарин оператори мобилӣ
  • Беҳтарин интернет-провайдер
  • Инноватсияи сол дар соҳаи алоқа
  • Хидмати инноватсионии сол
  • Интихоби муштариён
  • Беҳтарин хизматрасонии муштариён
  • Беҳтарин саҳм дар рушди соҳаи алоқа
  • Лоиҳаи сармоягузории сол
  • Иқдоми иҷтимоии сол
  • Ширкати босуръат рушдёбанда
  • Таносуби нарх ва сифат
  • Беҳтарин ҳалли корпоративӣ
  • Беҳтарин хидмати рақамии сол
  • Зудтарин шабакаи мобилӣ
  • Зудтарин шабакаи ноқилӣ

Гуфта мешавад, ки Кумитаи тадорукот аз намояндагони Хадамоти алоқа, Ассотсиатсияи операторони мобилӣ, Ассотсиатсияи интернет-провайдерҳо, ширкатҳои операторӣ ва коршиносони мустақил ташкил шуда, ба ҳайати ҳакамон намояндагони сохторҳои бетараф ва коршиносони мустақил шомил хоҳанд гардид.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.