Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Фаъолияти 3936 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар нуҳ моҳи соли 2025
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 3936 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 354 адад, коркард 3407 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 103 адад фаъолият кардаанд.
Манбаъ меафзояд, ки дар ин давра корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии мамлакат ба маблағи 47 миллиарду 242,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 24 фоиз афзудааст.
Гуфтан бамаврид аст, ки 33 фоизи шумораи умумии корхонаҳо ба вилояти Суғд рост омада, дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятҳои Суғд бо 60,4 фоиз ва Хатлон бо 20,4 фоиз афзалият дорад.
Ҳамчунин, дар матлаби мазкур муқоиса карда мешавад, ки агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардид. Танҳо соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд шуда, дар маҷмуъ қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка