Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Туркманистон ният дорад то соли 2027 аз тариқи лӯлаи ТАПИ ба Афғонистон газ содир кунад
Туркманистон эълом кардааст, ки то аввали соли 2027 мехоҳад тавассути лӯлаи гази ТАПИ (Туркманистон–Афғонистон–Покистон–Ҳинд) интиқоли гази табииро ба Афғонистон оғоз кунад.
Ба гуфтаи масъулони ширкати лӯлаи гази ТАПИ-и Туркманистон, корҳои сохтмони бахши Афғонистон “пайваста идома доранд” ва қарор аст то поёни соли оянда анҷом ёбанд. Пас аз он интиқоли газ расман оғоз мешавад.
Мақомҳои туркманистонӣ мегӯянд, ки амалӣ шудани ин лоиҳа робитаҳои иқтисодии минтақаро таҳким бахшида, барои Афғонистон даромади транзитӣ ба вуҷуд меорад ва ҳамкориҳои энергетикиро дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ тақвият медиҳад.
Онҳо афзуданд, ки музокирот бо Покистон барои ба даст овардани тавофуқоти ниҳоӣ беш аз 90 дарсад пеш рафтааст ва интизор меравад дар нимаи аввали соли 2026 ба натиҷа расад.
Бар асоси нақша, лӯлаи гази ТАПИ солона 33 миллиард метри мукааб газро аз майдони “Галканиш”-и Туркманистон интиқол медиҳад: 5 миллиард метри мукааб барои Афғонистон ва 14 миллиард барои ҳар яке аз Покистон ва Ҳинд.
Қисмати туркманистонии ин лӯлаи 214-километрӣ пурра сохта шудааст. Корҳои сохтмони бахши 153-километрии Афғонистон байни Турғундӣ ва Ҳирот аз моҳи сентябри соли 2024 оғоз ёфта, ҳоло идома доранд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин лоиҳа метавонад ба яке аз муҳимтарин нақбҳои ҳамгироии иқтисодии минтақа табдил ёбад ва дар таъмини амнияти энергетикӣ нақши калидӣ бозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”