Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара китобхонаи муосирро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Данғара китобхонаи навсохти деҳаи Ғарғараро ифтитоҳ намуданд.
Ин китобхона бо лоиҳаи муосир ва бо мақсади тақвияти дониш, афзоиши савияи иттилоотии аҳолӣ ва омода намудани ҷавонон ба озмунҳои зеҳнӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон бунёд шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, китобхона дорои беш аз 10 ҳазор нусхаи китоб аст ва ба воситаи ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар марказҳои илму фарҳанг ба хазинаи электронии беш аз як миллион асар дастрасӣ дорад.
Дар дохили иншоот маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ фаъолият мекунад, ки бо 18 компютер ва дастрасӣ ба интернет муҷаҳҳаз буда, барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ ва олмонӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Се синфхона барои 36 нафар хонанда пешбинӣ шуда, омӯзиш бо ҷалби муаллимони соҳибтаҷриба доир мегардад. Ҳамзамон, барои омӯзгорон панҷ ҳуҷраи истироҳатӣ бо лавозимоти зарурӣ муҳайё шудааст.
Мақомот мегӯянд, таъсиси китобхона ва маркази забономӯзӣ на фақат барои рушди сатҳи маърифатнокии аҳолии деҳот, балки барои таъмини ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат мекунад. Айни замон 12 сокини маҳаллӣ дар ин муассиса ба таври доимӣ фаъолият доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод