Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинг Муассисаи томактабии "Гулистон"-ро ифтитоҳ карданд
Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии "Гулистон"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар масоҳати умумии 2264 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки дар муассисаи таълимӣ 300 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 10 мураббия ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардиданд. Раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки муассисаи мазкур дорои 16 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 8 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Афзуда мешавад, ки дар синфхонаҳо бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Бинои кӯдакистон бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳои он бо оби гарм таъмин мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод