3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:32, Душанбе
22.10.2025 08:53

Генерали артиши Амрико: Омода бошед, ҷанги навбатӣ наздик аст

Генерал Эрик Смит, фармондеҳи корпуси баҳрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як маросими низомӣ хитоб ба афсарони амрикоӣ гуфт: “Омода бошед, ҷанги навбатӣ наздик аст”.

Ӯ дар ин маросим гуфт, ки ҷанги навбатӣ дар роҳ аст ва неруҳои ӯ бояд барои ҳар гуна сенария омода бошанд.

Бар асоси гузориши расонаҳо, генерал Эрик Смит, фармондеҳи корпуси баҳрии Амрико рӯзи якшанбе дар маросими бахшида ба солгарди таъсиси ин неруҳо, корпуси баҳриро “қувваи 911-и Амрико” номид ва ҳушдор дод, ки баҳриён бояд барои ҳар рӯйдоде, ки дар оянда иттифоқ меафтад, омода бошанд.

Шабакаи “Fox News” ба нақл аз ӯ навишт, ки ӯ бидуни ишора ба кишвари хосе гуфт: “Ҷанги навбатӣ дар роҳ аст. Баҳриён омода хоҳанд буд ва бояд барои ҷанг ва барои пирӯзӣ омода бошанд”.

Изҳороти генерали амрикоӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки оташбас дар Ғазза барқарор шуда ва бар сари хотима додани ҷанги Украина гуфтугӯҳо идома дорад. Бархе таҳлилгарон ҳамлаи Амрико ба Эронро аз эҳтимол дур намедонанд.

Мақомоти эронӣ низ дар ҳафтаҳои охир ҳушдор медиҳанд, ки “агар ба Эрон ҳамла шавад, ҷаҳаннам барпо хоҳад шуд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.