Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳоро алайҳи Русия омода мекунад
Роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кая Каллас изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо дар марҳалаи ниҳоии мувофиқаи бастаи 19-уми таҳримҳо алайҳи Русия қарор дорад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст.
“Ман интизорам, ки он дар ҳамин ҳафта тасдиқ карда шавад. Мутаассифона, на имрӯз, аммо музокирот идома дорад”, - гуфт Каллас пеш аз оғози ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург.
Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан ин санад то баргузории нишасти Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 23-уми октябр баргузор мешавад, ба тавофуқ хоҳад расид.
Кремл қаблан чандин маротиба таъкид карда буд, ки Русия бо фишори таҳримии кишварҳои Ғарб, ки чанд сол пеш оғоз ёфтааст, мубориза бурда метавонад. Ҳамчунин, зикр гардидааст, ки ин маҳдудиятҳо ба ҳадафҳои худ нарасидаанд ва дар худи кишварҳои ғарбӣ низ ҳарчӣ бештар аз коҳиши самаранокии чораҳои зидди Русия эътироф мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка