Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Шоири ҳиндӣ. Ҷовид Ахтар Толибонро “бадтарин гурӯҳи террористии ҷаҳон” номид
Шоир, нависанда ва суруднависи маъруфи ҳиндӣ Ҷовид Ахтар Толибонро “бадтарин гурӯҳи террористии ҷаҳон” номид ва аз истиқболи густурдаи ҳайати Толибон дар Ҳиндустон шадидан интиқод кард.
Ҷовид Ахтар дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки Толибон дар Ҳиндустон аз ҷониби касоне истиқбол ёфтанд, ки ҳамеша худро мухолифи терроризм медонанд. Ӯ афзуд, ки “нанг бод бар Дорулулуми Деобанд, ки аз касоне, ки таҳсили духтаронро мамнуъ кардаанд, ба ҳайси “қаҳрамонони исломӣ” истиқбол мекунанд”.
Ҳафтаи гузашта Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон ба Ҳиндустон сафар намуда, аз Дорулулуми Деобанд, яке аз қадимитарин марказҳои динии Ҳиндустон боздид кард. Ин боздид бо истиқболи пуршӯри толибилмон ва уламои динӣ рӯ ба рӯ шуд.
Сафари ӯ бо моҷароҳои зиёд, аз ҷумла манъи вуруди хабарнигорони зан ба нишасти матбуотии вазир дар сафорати Афғонистон дар Деҳлӣ ҳамроҳ буд.
Мақомоти Толибон рӯзи ҷумъа аз ҳузури занон дар нишасти матбуотӣ пешгирӣ карданд, ки ин амр эътирозҳои густурдаи ҷомеаи журналистӣ, созмонҳои занон ва мухолифони ҳукумати Нарендра Модиро ба бор овард.
Баъди ду рӯз Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон аз Амирхон Мутаққӣ хост, ки нишасти матбуотии дигар бо ҳузури хабарнигорони зан доир кунад.
Ин сафар, ба таъкиди он, ба баҳси густурда дар хусуси муносибати Ҳиндустон бо Толибон ва мавқеи он дар масъалаи ҳуқуқи занон доман зад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад