Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Миёна мехоҳанд ҳамкориҳои худро бо Афғонистон тақвият диҳад
Дар пасманзари вазъи мураккаби геополитикӣ Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба созиш расиданд, ки ҳамкориҳои худро бо Афғонистон тақвият диҳанд. Ҳадафи ин иқдом на фақат ҳалли мушкилоти амниятӣ, балки таҳкими робитаҳои дуҷониба ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ дар минтақа мебошад.
Ширкаткунандагони гуфтугӯ ёдовар шуданд, ки сулҳу суботи Афғонистон барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Онҳо таъкид намуданд, ки Афғонистон набояд ба паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористӣ табдил ёбад. Дар нишаст масъалаҳои мубориза бо таҳдидҳои фаромарзӣ, терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ва пешгирӣ аз нооромии минбаъдаро таъкид намуданд.
Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бар он созиш намуданд, лоиҳаҳоеро таҳия ва иҷро кунанд, ки ба рушди иқтисодии Афғонистон ва ҳамгироии он дар шабакаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётии минтақа мусоидат менамоянд.
Ин иқдом аз ташкили роҳҳои нави тиҷоратӣ, ташаббусҳои инфрасохторӣ ва кумакҳои башардӯстона иборатанд, ки ҳадафашон беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Ба гуфтаи ҷонибҳо, бояд Афғонистон аз “сарчашмаҳои мушкилот” ба пули тиҷорат ва мубодилаи фарҳангӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ табдил ёбад.
Ин равиш аз он шаҳодат медиҳад, ки кишварҳои минтақа дарк мекунанд, Афғонистони ором ва шукуфо калиди субот ва шукуфоии дарозмуддат дар тамоми Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон аст.
Ҷонибҳо ба зарурати идомаи муколамаи доимӣ ва мубодилаи иттилоот барои таҳияи сратегияҳои ҳамоҳангшуда дар мавриди ояндаи Афғонистон таъкид намуданд.
Тибқи гуфтаи таҳлилгарон ин созиш нишон медиҳад, ки кишварҳои минтақа дар муносибат бо масъалаи Афғонистон равиши амалгароёна ва воқеӣ ихтиёр карда, диққати худро ба тадбирҳои амалӣ барои субот ва ҷалби Афғонистон ба равандҳои рушди минтақавӣ равон намудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад