4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:41, Душанбе
18.10.2025 10:36

Пас аз 40 рӯзи марги Абдулқодири Раҳим маҷмуаи сӯгномаҳо ва меҳрномаҳои дӯстон нашр шуд

Пас аз 40 рӯзи даргузашти адиб ва рӯзноманигори тоҷик Абдулқодири Раҳим маҷмуаи сӯгномаҳои ҳамкорону дӯстон ва ҳаводорони эҷодиёти ӯ бо номи “Гавҳаре ноёб рафт...” ба нашр расид.

Тавре ки гирдоварандаи китоби мазкур Суҳроби Зиё хабар медиҳад, дар маҷмуаи “Гавҳаре ноёб рафт...” сӯгномаҳои ҳамкорону дӯстон ва ҳаводорони эҷодиёти Абдулқодири Раҳим ҷамъоварӣ шудаанд, ки баъд аз даргузашти нобаҳангоми ӯ иншо гардидаанд.

“Дар ин маҷмуа ҳамчунин меҳрномаҳо ва тақризу китобиёт ба баъзе асарҳои зиндаёд Абдулқодири Раҳим гирдоварӣ шуда, ки дар солҳои охир дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидааст”, - омадааст дар матлаби Суҳроби Зиё.

Аз мундариҷаи китоб бармеояд, ки дар он матлабҳои шахсиятҳое чун Абдулҳамид Самад, Гулрухсори Сафӣ, А. Кӯчарзода, Ш. Солеҳ, Ворис, Ҳ. Раҳмон, С. Аъзамзод, ш. Раҷабзод ва дигарон нашр шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо