4 Октябр 2026,
якшанбе, 11:56, Душанбе
10.10.2025 09:52

Сарони кишварҳо дар аввалин нишасти Ҳамоиши Осиёи Марказӣ - Русия дар шаҳри Душанбе ширкат намуданд

Рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ширкати сарони кишварҳо “Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия” доир гашт.

Дар саҳни Кохи ҳамоишҳо Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои ширкаткунандаи нишастро як ба як бо самимият ва эҳтироми хос истиқбол гирифтанд.

Дар ин ҳамоиш, Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, Сардор Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон ва Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд.

Қабл аз оғоз гардидани ҳамоиш маросими аксбардории хотиравӣ доир гардид.

Пас аз он дар толори бошукӯҳи Саразм, бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши дуюми Осиёи Марказӣ - Русия оғоз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, сарвари кишвар дар суханронии ифтитоҳии худ меҳмонони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд ва изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои таҳкими оянда ва густариши ҳамкории судманди бисёрҷониба дар доираи Осиёи Марказӣ-Русия нақши муҳим хоҳад дошт.

Сарвари кишвар таъкид карданд, ки рӯзномаи нишаст масъалаҳои муҳимми ҳамкории минтақавиро фаро мегирад, аз ҷумла густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиши сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкории гуманитарӣ, таъмини субот ва амнияти минтақа.

Таъкид шуд, ки қарорҳои қабулшаванда аз рӯи натиҷаҳои муҳокимаву гуфтугӯҳо ба таҳкими руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни кишварҳои ширкаткунандаи нишаст заминаи устувор мегузорад.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ширкати фаъоли сарони кишварҳо ва ниҳодҳои дахлдори он нишонаи рӯшани иродаи сиёсӣ ва ҳадафманди кишварҳо барои таҳкими муколамаи стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба аст.

Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкории гуманитарӣ, ҳамчунин, иқдомҳои муштараки кишварҳо барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарони ҳама кишварҳои ширкаткунанда суханронӣ намуда, андешаҳои худ дар хусуси мавзуъҳои мубрами рӯзро изҳор доштанд.

Дар фарҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои ҳамоишро ҷамъбаст карда, ба ҳама ширкаткунандагон барои фаъолияти созандаву саҳми арзандаашон изҳори сипос карданд.

Дар поёни нишаст эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши Осиёи Марказӣ - Русия ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо