Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд
Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири ташрифи давлатии меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Зимни суҳбати кӯтоҳи дар фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки пагоҳ 9 октябр сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон идома ёфта, нимаи дуюми рӯз Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия баргузор мешавад.
Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ рӯзи 10 октябр доир хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод



