Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Умед Бобозода бо шароити нигоҳдории зиндониён шинос шуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи инсон ба Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кард.
Тавре ки маркази матбуоти ин ниҳод иттилоъ медиҳад, Ваколатдор бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдории маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд, аз ҷумла хӯрока, сару либос, ҷойи хоб, шароити санитарӣ, хизматрасонии тиббии муассиса шинос шуд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Умед Бобозода бо маҳкумшудагони хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия суҳбатҳои алоҳида гузаронд.
“Умуман дар рафти суҳбат маҳкумшудагон аз шароити нигоҳдорӣ ва муносибати кормандони муассиса изҳори миннатдорӣ намуда, баъзе аз онҳо дар рафти суҳбат хоҳиш намуданд, ки барои интиқоли онҳо ба ватани худ мусоидат намояд”, - омадааст дар хабарнома.
Зикр мегардад, ки тартиби нигоҳдории маҳкумшудагон ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад