Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Ташрифи Президенти Тоҷикистон ба ноҳияи Темурмалик ва ифтитоҳи Мактаби Президентӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварданд.
Сарвари давлат нахуст дар деҳаи Дӯстии деҳоти Кангурт Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро, ки аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бародарон Шамсулло ва Маҳмадзоҳир Соҳибовҳо бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 700 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Бинои таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, 27 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 240 ҷойи нишаст, китобхонаи анъанавӣ ва электронии ба хати интернети баландсуръат пайваст, толору майдонча барои бозиҳои волейболу баскетбол, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дорад.
Иншоот ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст ва кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоид ба ташаккули дониши хонандагон мусоидат менамояд. Синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ низ таъмин гардидааст.
Раванди таълим дар муассиса бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд



