25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
02.10.2025 09:09

Шодӣ ва нафаси тоза дар Кобул. Толибон интернетро дубора фаъол карданд

Гурӯҳи террористии Толибон баъди се рӯзи қатъи интернет дар Афғонистон онро дубора фаъол намуданд. Се рӯз қабл бо дастури роҳбари гурӯҳи Толибон интернет дар саросари Афғонистон қатъ шуда буд.

Расонаҳои афғонистонӣ навиштанд, ки баъди 49 соати хомӯшиву қатъи комили интернет ва хизматрасонии симкортҳо дубора шабакаҳои мухобиротӣ дар Афғонистон фаъол шуданд. Ин бозгашт мавҷи бузурге аз хӯшҳоливу оромишро дар саросари кишвар, бахусус Кобул ба ҳамроҳ овард ва бисёре аз оилаҳо тавонистанд, ки бори дигар бо азизонашон дар хориҷ аз кишвар дар тамос шаванд.

Қатъи саросарии интернет дар Афғонистон ба мавҷи вокунишҳои шадиди байналмилалӣ рӯ ба рӯ гардид. Созмонҳои байналмилалӣ ин амалкарди Толибонро маҳкум намуда, хостори фаъол кардани интернет шудаанд.

Дар пайи қатъи интернет ҳазорон касбу кори гуногун, ки ба интернет вобаста буд, дар Афғонистон маътал шуд. Аз ҷумла, мушкил дар парвози хатсайрҳои ҳавоии Кобул ба вуҷуд омад ва парвози баъзе хатсайрҳо комилан қатъ шуд.

Гурӯҳи террористии Толибон далели қатъи интернетро корҳои техникӣ, аз ҷумла иваз кардани ноқилҳои кӯҳнаи хати интернет гуфтанд. Бархе расонаҳои афғонистонӣ иттилоъ доданд, ки қатъи саросарии интернет ба хотири ҷобаҷогузории гурӯҳҳои террористӣ дар дохили Афғонистон сурат гирифтааст. Ҳамчунин, бархе иттилооти расман тасдиқнашуда нашр шуд, ки Толибон бо қатъи саросарии интернет пойгоҳи Багром ва баъзе пойгоҳҳои дигарро дар ихтиёри амрикоиҳо қарор доданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.