Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Қатъи фарогири интернет дар Афғонистон: мушкилот дар низоми бонкӣ ва робитаҳои хориҷӣ
Қатъи фарогири интернет дар Афғонистон, ки аз шоми рӯзи душанбе оғоз гардид, низоми бонкӣ, хадамоти ҳавопаймоӣ, мубодилаҳои тиҷоратии марзӣ ва ҳамчунин, робитаҳои хориҷии ин кишварро ба мушкилот рӯ ба рӯ кардааст. Созмони Милали Муттаҳид аз Толибон хост, ки ҳарчӣ зуд ин мушкилро бартараф кунанд.
Аз замоне, ки расонаҳои Афғонистон қатъи интернет дар саросари Афғонистонро эълон карданд, то ҳоло беш аз 40 соат гузаштааст ва кишвар қариб ба таври комил ба “хомӯшии иттилоотӣ” фурӯ рафтааст. Бисёре аз марказҳое, ки бо интернети нахи оптикӣ хизмат марасонанд, ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд.
Тибқи гузориши раснаҳои афғонистонӣ, бисёре аз бонкҳои хусусӣ ва фурудгоҳҳои асосии Афғонистон баъд аз қатъи интернет ба мушкил дучор гардида, бо таъхир фаъолият мекунанд. Вале расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла “ВВС” даъво доранд, ки фурудгоҳҳои Афғонистон комилан баста шудаанд.
Исмоил Пуробид, мудири гузаргоҳи марзии “Дуғорун” гуфт, ки бо сабаби қатъи интернет дар Афғонистон аз соати 19-и шаби гузашта то ҳоло равуои мошинҳои боркаш аз марзи Дуғорун ба самти гумруки “Исломқалъа” баста шудааст.
Ӯ афзуд, ки ҳоло ҳадди аққал 800 мошини боркаши эронӣ ва афғонӣ дар боздоштгоҳҳои марзии Дуғорун интизори убур ба самти Афғонистон мебошанд ва бо идомаи қатъи интернет ин шумора боз ҳам бештар хоҳад шуд.
Дар ҳамин иртибот, ҳайати Созмони Милал дар Афғонистон имрӯз аз Толибон даъват намуд, ки дастрасӣ ба интернет ва иртибототро дар саросари Афғонистон барқарор кунад.
Онҳо бо ишора ба ин ки қатъи интернет аз сӯи Кобул робитаи мардуми Афғонистонро бо ҷаҳон қатъ кардааст, ҳушдор дод, ки агар ин амал идома ёбад, низоми бонкӣ ва молиявӣ фалаҷ мешавад. Дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ, муомилаҳои молӣ ва ҳавопаймоӣ низ ба шиддат маҳдуд хоҳад шуд.
Дар ҳамин замина, гурӯҳи “Нетблокс” гузориш дод, ки то шоми душанбе пайвастгшавӣ ба интернет фақат то 14 фоиз сатҳи муқаррарӣ коҳиш ёфта, шабакаи нахи оптикӣ ва телефонҳои мобилӣ қариб ки, аз кор мондаанд. Хадамоти телефонӣ, ки асосан ба ҳамин зерсохти нахи оптикӣ вобаста аст, низ ба таври ҷиддӣ осеб дидаанд.
Хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” ва “Франс пресс” низ эълон кард, ки на фақат дастрасии телефонӣ бо идораҳову хабарнигоронашон дар вилоятҳои Афғонистон қатъ шудааст, балки имкони тамос бо сарчашмаҳои афғонӣ низ вуҷуд надорад, ки ин нишондиҳандаи густурдагии мушкил аст.
Оғози ин ихтилол ба моҳи гузашта бармегардад. Замоне, ки Ҳайбатуллоҳ Охунзода, роҳбари гурӯҳи Толибон интернетро “омили бадахлоқӣ ва фасод” номида, дастур дод, ки қатъ шавад. Баъдан мақомҳои Толибон тадриҷан аз вилоятҳои дурдаст оғоз ба иҷрои дастур карда ва то имрӯз ҳамаи вилоятҳои кишвар аз дастрасӣ ба интернет маҳрум мебошанд.
Зерсохти интернет дар Афғонистон, ки дар давоми ду даҳаи гузашта сохта шуда буд, асосан ба шабакаи миллии нахи оптикии тӯлаш 9 ҳазору 350 километр такя мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”