25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
29.09.2025 09:54

Толибон як зиндонии Амрикоро озод карданд

Шоми якшанбеи гузашта ҳукумати террористии Толибон эълон кард, ки як шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро аз зиндон озод карда, ба намояндаи хоси Президенти Амрико дар умури гаравгонҳо Одам Буҳлер супурдааст.

Толибон дар изҳороти худ гуфтаанд, ки озод кардани зиндонии Толибон бо ҳамоҳангии ду ҷониб сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол, “Ассошиэйтед Пресс” хабар дод, ки ҷузъиёти дақиқ дар хусуси сабаб, замон ва макони боздошти ӯ аз сӯи Толибон шарҳ дода нашудааст. Вале сарчашмаҳои огоҳ таъкид намуданд, ки ӯ моҳи декабри соли 2024 дар Афғонистон боздошт шуда буд.

Марк Рубио, Вазири корҳои хориҷии Амрико дар изҳороте гуфт, ки ӯ беасос боздошт шуда буд. Ӯ, ҳамчунин, аз Қатар барои нақши миёнравӣ ва талошҳои дипломатӣ дар ин раванд изҳори сипос намуд.

Ин озодӣ дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки чанд рӯз қабл Амирхон Муттақӣ, Вазири корҳои хориҷии Толибон бо намояндагони ҳукумати Доналд Трамп, Президенти Амрико дидор ва гуфтугӯ анҷом дода буд. Дар ин мулоқот, ба гуфтаи Толибон, масъалаи рушди робитаҳои дуҷониба, ҳуқуқи шаҳрвандон ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Афғонистон баррасӣ шудаанд.

Гурӯҳи Толибон баъди хуруҷи неруҳои НАТО дар моҳи августи соли 2021 идораи Кобул ва тамоми Афғонистонро ба даст гирифта буданд.

Аз ҷониби дигар, Доналд Трамп борҳо аз шеваи ихроҷ кардани ногаҳонии неруҳои амрикоӣ дар давраи Ҷо Байден интиқод карда буд. Ӯ дар моҳи марти соли ҷорӣ гуфт: “Хуруҷи Амрико аз Афғонистон фоҷеабор буд. Чин баъд аз рафтани неруҳои мо пойгоҳи ҳавоии Багромро ишғол кард”.

Доналд Трамп чанде қабл низ эълон кард, ки Вашингтон дар пайи бозпас гирифтани назорати пойгоҳи Багром аз гурӯҳи Толибон аст ва онро “дорои стратегияи аздастрафта” хонд.

Мақомоти Толибон дар вокуниш ба ин изҳорот таъкид намуданд, ки “ҳатто як ваҷаб аз хоки Афғонистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дода нахоҳад шуд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.