Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Силва: “Ҳеч чиз қатли омм ва наслкушӣ дар Ғаззаро сафед намекунад”. Эрдуғон: “Исроил таҳдид ба амнияти минтақа аст”
Дар 80-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ду раҳбари баландпоя Луис Инасиу Лула да Силва, Президенти Бразилия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Президенти Туркия бо лаҳни сахт аз амалҳои вайронгари Исроил дар Ғазза интиқод намуданд.
Доналд Трамп Президенти Амрико дар муқобил бидуни маҳкум кардани амалҳои вайронгари Исроил ба интиқоди Ҳамос пардохта, ин гурӯҳро мушкили асосӣ дар барқарории оташбас донист.
Президенти Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва, ки қабл аз Трамп дар минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуд, изҳор дошт: “Ҳамлаҳои террористии Ҳамос аз ҳич ҷиҳат қобили сафедкунӣ нест, вале ҳич чиз низ қатли омм ва наслкушӣ дар Ғаззаро сафед намекунад”.
Ӯ таъкид кард, ки фаластиниён имрӯз бо хатари “нест шудан аз харитаи ҷаҳон” рӯ ба рӯ мебошанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд дар баробари куштори ғайринизомиён сукут ихтиёр кунад.
Президенти Бразилия бо интиқод аз Созмони Милал гуфт, ки ин ниҳод бояд нақши фаъолтареро дар хотима додан ба буҳронҳои башардӯстона иҷро кунад. Ӯ, ҳамчунин, бар аҳамияти дифоъ аз демократия ва бисёрҷонибагароӣ ишора намуд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки баъд аз Трамп суханронӣ намуд, қариб тамоми вақти худро ба масъалаи Ғазза ихтисос дод. Ӯ Исроилро “таҳдид ба амнияти тамоми минтақа” номида, гуфт, ки сиёсати Тел-Авив на фақат Ғаззаро, балки Лубнон, Эрон, Яман, Сурия ва Қатарро низ ба хатар рӯ ба рӯ сохтааст.
“Он чи дар Ғазза рух медиҳад, пасттарин нуқтаи инсоният аст. Дар он ҷо на фақат одамон, балки ҳайвонот, хонаҳо ва инфрасохторҳо низ қасдан мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд”- таъкид кард Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Ӯ бо муқоисаи вазъ бо Ҳолокост ҳушдор дод, ки идомаи қатли омм бар зидди фаластиниён ҳамчун захми нангин дар таърихи муосир сабт хоҳад шуд. Ба таъкиди Эрдуғон сукут дар баробари ин фоҷеаҳо маънои “шарик шудан дар ҷиноят” –ро дорад.
Бар хилофи Лула ва Эрдуғон Доналд Трамп суханронии худро асосан ба интиқод аз Ҳамос бахшид. Ӯ аз рӯйдодҳои 7-уми октябр ёдовар гардида, талаб намуд, ки гаравгонҳо бе ягон шарт озод карда шаванд.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ном бурдани мустақими Исроил ба ҳайси омили буҳрон худдорӣ кард ва диққатро фақат ба “терроризми Ҳамос” мутамарказ сохт.
Ин тафовути лаҳни миёни се роҳбар акси рӯшани шикофи амиқ дар дидгоҳҳои ҷаҳонӣ нисбат ба ҷанги Ғазза мебошад. Бархе онро фоҷеаи башардӯстона ва ҷиноят бар зидди инсоният медонанд. Ин дар ҳолест, ки дигарон фақат ба якҷонибагароӣ бар зидди Ҳамос қонеъ мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад