25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
22.09.2025 17:28

Толибон мегӯянд “як ваҷаб” хоки Афғонистонро ба Амрико намедиҳанд

Як қатор мақомоти аршади ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дар вокуниш ба суханони Доналд Трамп, Президенти Амрико дар хусуси бозпас гирифтани назорати Пойгоҳи ҳавоии Багром аз дасти ин гурӯҳ гуфтанд, ки ҳатто як ваҷаб хоки Афғонистонро ба Амрико нахоҳанд дод.

Дар изҳороти ҳукумати сарпарасти гурӯҳи террористии Толибон, ки рӯзи якшанбе дар шабакаи иҷтимоии “Х нашр шуд, зикр мешавад: “Амрико бояд ба ҷойи таҷрибаҳои ноком ва шикастхӯрдаи гузаштааш роҳҳои мантиқӣ интихоб кунад”.

“Иморати исломӣ хостори муносибатҳои нек бо ҳама кишварҳо, бар асоси усулҳои исломӣ, сиёсати хориҷии мутавозин ва иқтисодмеҳвар ва манофеи дуҷониба аст”- зикр шудааст дар изҳороти ин гурӯҳ.

Ҳамчунин, ишора шудааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар созишномаи Давҳа уҳдадор шудааст, ки барои ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлоли сиёсӣ аз зӯр истифода накунад ва дар умури дохилии Афғонистон дахолат накунад. Аз ин рӯ, аз Вашингтон хоста шудааст, ки ба ин созиш пойбанд монад.

Дар ҳамин робита Амирхон Мутаққӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Тулуъ нюз” гуфт: “Ҳатто як метр аз хоки Афғонистон ба амрикоиҳо дода нахоҳад шуд”.

“Муомила бар сари ҳатто як ваҷаб аз хоки Афғонистон номумкин аст”- зикр кард Фасеҳуддин Фитрат, сарпарасти Вазорати дифоъи ин гурӯҳи террористӣ.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки субҳи имрӯз Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шабакаи иҷтимоии «Truth Social» навишт: “Агар Афғонистон Пойгоҳи ҳавоии Багромро ба созандагони он, яъне Амрико бар нагардонад, рӯйдоди бад рух хоҳад дод”.

Қаблан, Зикриё Ҷалолӣ аз масъулони аршади Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати муваққати Толибон дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки Афғонистон ва Амрико бояд бар асоси манофеи муштарак ва эҳтироми мутақобил муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта бошанд. Ӯ афзуд, ки мардуми Афғонистон дар тӯли таърих ҳузури низомиро напазируфтанд ва дар созишномаи Давҳа низ масъалаи бозгашти неруҳои амрикоӣ ба куллӣ рад шудааст.

Доналд Трамп, Президенти Амрико ба дунболи пас гирифтани Пойгоҳи ҳавоии Багром аст. Ӯ чанде қабл гуфт, ба мақомоти амниятӣ дастур додааст, ки корро барои бозпас гирифтани ин пойгоҳ анҷом диҳанд. Ӯ ба Толибон ҳушдор дод, ки агар пойгоҳи ҳавоиро надиҳанд, ҳодисаи бад барояшон рух хоҳад дод.

“Мо ният доштем Багромро нигоҳ дорем, на барои Афғонистон, балки барои Чин, зеро он фақат як соат дуртар аз маконе ҷойгир аст, ки Чин мушакҳои атомии худро месозад”- гуфт Доналд Трамп.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.