Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Як шахси муттаҳам дар парвандаи дуздии соли 2021-ро боздошт карданд
Полиси шаҳри Душанбе шахсеро боздошт кардааст, ки дар парвандаи дуздии соли 2021 гумонбар дониста мешавад. Ин шахс аъзои гурӯҳи ҷиноятиест, ки дар соли 2021 даст ба ҷинояти дӯздӣ зада буда ва то ҳол тафтишоти ин парванда идома дошт. Дар ин хусус, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар додааст.
Бар асоси иттилои ин ниҳод шахсияти гумонбаршуда мушаххас шудааст. Ӯ Оксақолов Хуршед, сокини 43 –солаи шаҳри Душанбе мебошад. Бино ба иттилои тафтишот, ӯ ҳамроҳ ба ду шарикаш ба манзили шаҳрванд Мушкиннисои А., воқеъ дар маҳаллаи Чимпетаппа ворид гардида, маблағи 39 ҳазор сомониро дӯздидааст.
Ҳоло гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти иловагӣ барои мушаххас кардани ҷузъиёти ҷиноят ва боздошти дигар аъзои гурӯҳ идома дорад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки чораҳои бехатариро риоя кунанд ва дар сурати ошкор шудани шахсони шубҳанок фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка