Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Толибон хондани китоби навиштаи занонро манъ карданд
Гурӯҳи террористии Толибон дар идомаи маҳдудиятҳо хондани китобҳои навиштаи занонро аз барномаҳои таълимӣ хориҷ карда, ҳамчунин, таълими як қатор фанҳои мушаххасро, ки аз нигоҳи онҳо бо меъёрҳои шариат мухолиф дониста мешуданд, манъ кардаанд.
Тибқи дастури маорифи гурӯҳи Толибон дар маҷмуъ 679 китоб аз барномаҳои дарсӣ ҳазф шудаанд, ки аз ин шумора тақрибан 140 китоб ба муаллифони зан тааллуқ доранд. Дар миёни онҳо корҳои илмӣ ва таълимӣ, аз ҷумла дастури амният ва озмоишгоҳҳои химиявӣ мебошанд.
Илова бар ин, таълими 18 фан дар донишгоҳҳо манъ карда шуд, ки бар асоси он ҳуқуқи инсон, омӯзиши гендерӣ, курсҳои вобаста ба нақши занон дар ҷомеа ва мавзуи озори ҷинсӣ дохил мешаванд.
Комиссияи бознигарии маводҳои таълимии Вазорати маорифи Толибон мегӯяд, ки “ҳама китобҳои навиштаи занон бояд ҷамъоварӣ ва аз истифода хориҷ карда шаванд”. Ҳамчунин, осори муаллифон ва нашрияҳои Эрон низ ба рӯйхати манъшуда, дар маҷмуъ 310 китоб ворид шудааст. Яке аз аъзои комиссия ба Би-Би-Сӣ гуфтааст, ки ин иқдом “барои пешгирӣ аз нуфузи Эрон” ба низоми таълимии кишвар роҳандозӣ шудааст.
Устоди донишгоҳҳо аз ин иқдомҳои Толибон изҳори нигаронӣ кардаанд. Профессори Донишгоҳи Кобул гуфт, ки маҳрум сохтани донишгоҳҳо аз чунин китобҳо “халои ҷиддӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ эҷод мекунад”, зеро маҳз ҳамин осор донишгоҳҳои Афғонистонро бо ҷомеаи байналмилалӣ мепайвандад.
Толибон баъд аз ин ки дар Афғонистон ба қудрат расиданд, маҳдудиятҳои зиёдеро нисбат ба занон ҷорӣ намуданд. Онҳо кору таҳсили занонро манъ намудаанд. Маҳдудиятҳои ҷорикардаи Толибон хашми ҷомеаи байналмилалиро ба бор овард ва созмонҳои байналмилалӣ борҳо аз Толибон хостаанд, ки маҳдудиятҳоро бекор кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”